эй бе ту аз хӯни бастаи гули мижгони ман бар хорҳо

Хораст давр аз рӯй ту дар чашми ман гулзорҳо

Ҳарчанд каз об бақо бошад Хизри давр аз фано

Бинад шаҳидони туро мерад зи ҳасрати борҳо

Хуши пои дории ончунон каз дидан он нотавон

Созанд чун сӯрат батон ҷо бар сари деворҳо

То ҳоли ҷон аз шеванами донеи якояк эй санам

Қонӯн сифат дорад танам аз риштаи ҷони торҳо

Кори ту нозу дилбарии кори дили мо хӯни хурӣ

Моиему ишқат эй парӣ дорем бо ҳам корҳо

Захм ту дорам муттасил дар синае паймони гусал

Ман чун зем озурдаи дил бо ин ҳамаи озорҳо

Аҳлии зи шавқи гули рухон чун гул буд ошуфтаи ҷон

Гул дар чамани ҷома дарон ӯ дар сари бозорҳо