Шодмон аз васли ҷонони бахти мо ҳаргиз набӯд
Ошиқонро бахту хубонро вафо ҳаргиз набӯд
Бо ҳазорон дӯстии бегона аз мо шуд сагат
Бевафо , гӯйӣ ки бо мо ошно ҳаргиз набӯд
Давр бошад аз муҳаббат гар бинолем аз бало
Ҳар ки зад лофи муҳаббат бебало ҳаргиз набӯд
Дӯстони куштан буд расми ту варна пеши азин
Дар миёни дӯстони расми ҷафо ҳаргиз набӯд
Гар сар ва сомон равад дар роҳи ишқат гӯ бирав
Ман ҳамон гирами сару сомони маро ҳаргиз набӯд
Марҳами васли ту моро иттифоқӣ даст дод
Варна касро аз ту умеди даво ҳаргиз набӯд
Гарчи аҳлии мубталоӣ ишқ шуд бисёр кас
Каси бад-ӣни расвои мо мубтало ҳаргиз набӯд