Миннати қатл аз рақибами боз мебояд кашид

Бахти бадбӣн каз аҷали ҳам ноз мебояд кашид

Шамъи ман чун нест ғайр аз сӯхтани анҷоми васл

Доман аз васли ту ҳам з оғоз мебояд кашид

ё сари худ дар раҳ дилдор мебояд ниҳод

ё қадам аз роҳи ёрӣ боз мебояд кашид

Чашм ӯ то як назар бар ҳол мискинон кунад

Сад ҷафо зон наргис ғаммоз мебояд кашид

Бахт агар ёраст аҳлӣ ғам нагардад гирди дил

Бори ғам аз толеъи но соз мебояд кашид