Ҷон ба фикри ҷаҳон наме арзад

Ин ҷаҳони ҳам ба он наме арзад

Бар замини як замон чу дилтангӣ

Ба замину замон наме арзад

Суди олами зиён оқибат аст

Ҳеҷ суди ин зиён наме арзад

Суҳбати боғ агарчӣ рӯҳ афзост

Миннати боғбон наме арзад

Пеши мо ошиқони нопарво

Зиндагии ройгон наме арзад

Завқи мастӣ ва май парастии ҳам

Таънаи нокасон наме арзад

Аҳлӣ аз кас махоҳ марҳами дил

Ки ба захми забон наме арзад