Гарчи ашки ман хабар аз бегуноҳӣ ме диҳад
Чашм ӯ фатво ба хӯн аз дил сиёҳӣ ме диҳад
Дил гувоҳӣ медиҳад кони ғамзаи резади хӯни ман
Кӣ барам ҷон аз кафш чун дил гувоҳӣ ме диҳад
Музди шаби бедории булбули нигари каш ҳар саҳар
Гул ба дасти худ шароб субҳгоҳӣ ме диҳад
Хизр агар бахшиш кунад як ҷуръа бахшад ташна ро
Вақти соқии хуш ки май чандон ки хоҳӣ ме диҳад
Ҳарки дар баҳри ғам аз белангарӣ тӯфон кунад
Киштии дилро ба гирдоб табоҳӣ ме диҳад
Аҳлӣ аз сангини дилии он бут набахшад коми кас
Коми мо гар медиҳад лутф илоҳӣ ме диҳад