Маро дардӣаст каз дармони кас таскин нахоҳад шуд

Табибам то нахоҳад куштан аз болин нахоҳад шуд

Маро бебода чун соғар касе дар ханда чун орад

Шароби талх агар набӯд лабам ширин нахоҳад шуд

Агар бахт инчунин ёрӣ диҳад ёр ончунон бошад

Касе ғайр аз аҷали ёри ман мискин нахоҳад шуд

Чунин бдхў ки ман дидам ки гардад шод аз ӯ рӯзӣ

Ки рӯзи дигар аз хуии бадаш ғамгин нахоҳад шуд

зи ашку оҳи худ аҳлӣ гирифтам раҳ кунӣ дар санг

Ба инҳо рахнае дар он дил сангин нахоҳад шуд