Чашми соҳибдили назар чун бар рух гул ме кунад

Аз ҷамоли гули қиёси ҳол булбул ме кунад

Ҳаркиро чун кӯҳкани лаъли лаб ширин ҳавост

Бори кӯҳи ғам ба ёд ӯ таҳаммул ме кунад

Ошиқӣ каз Зуҳраи рӯйони дил ба васл олӯда кард

Гар малик бошад ки ишқ ӯ таназзул ме кунад

Дар дили покон ки аз рӯй сафо ойӣна аст

Муддаии нопокии худро таъаққул ме кунад

Ҷуз ба хоки кӯй ӯ аҳлӣ наёрад сари фурӯ

Осмони беҳуда аз ваии ин тахайюл ме кунад