Лайлӣ набӯдаш ин намаки ширини чунин зебо нашуд

Хоҳ аз араби хоҳ аз аҷам чун ӯ касе пайдо нашуд

То ваҳшати мардум буд улфат нагирад он парӣ

Девона аз ёрони худ бемаслиҳат танҳо нашуд

Ҳаргиз накардӣ сарви ман дар маҷлисии оҳанги рақс

Каз шавқи он болоу қади сад биқрор аз ҷо нашуд

Май ҷусти зери доманам бут ёфт шайх аз хирқа ам

Зинсон ки ман расво шудам ҳаргиз касе расво нашуд

Аҳлӣ на соҳибдил буд кӯи айби ин шайдо кунад

Каз орзӯии он парӣ дил нест кӯ шайдо нашуд