Ҷон рафту дили зи ишқи парешон буд ҳануз
Масти ту кӣ зи рафтаи пушаймон буд ҳануз
Бигусасти дасти умри зи домони зиндагӣ
Боман ғами ту дасти гиребон буд ҳануз
Дорам дилӣ ки дар даҳани шер агар фитад
Машғӯли ишқи турфаи ғизолон буд ҳануз
Оташи зи сӯзи синаи мо дар ҷаҳон фитод
Мо дам намезанем ки пинҳон буд ҳануз
Ҳаркас ки буд кори худ аз бахт рост кард
Бунёди кори мост ки вайрон буд ҳануз
Бемори ишқи дидаи фурӯи баст аз ҳаёт
Чашми умеди дарпайии дармон буд ҳануз
Фарҳоди марду сӯрати ширини з санг рафт
Аҳлӣ чаҳ сӯратаст ки ҳайрон буд ҳануз