Ману маҷнӯн ду асирем ки ғами шодии мост

Ҳар ки ин шева надонист на аз водии мост

Поси шамъи рухи соқӣ ба дуо ме дорем

Кин чароғӣаст ки дар зулмати ғами ҳодии мост

Он сбкбор ниҳолем ки дар боғи ҷаҳон

Сарви озоди чамани бандаи озодии мост

Гар ндонем раҳу расми ҷаҳон таъна мазан

Зонка нодонии мо ғояти устодии мост

Бахт агар ёр шавад ёри ҳам аз мо бошад

Зонка безории маъшӯқи зи бизодии мост

Гарчи мо хона харобем вале дилшодем

Ки ғам хона кунӣ дар паии ободии мост

Гарчи риндему тиҳии даст чу аҳлӣ шодем

Чархро бо ҳамаи ҳишмати ҳасад аз шодии мост