Чеҳра аз теғи ту пари хӯни дардами куштан хуш аст
Сурхи рӯ ҳамчун хазон рафтан азин гулшан хуш аст
Боғбон фарқаст аз наргиси басӣ бо чашми ёр
Мункири ҳис чун тавон шуд дидаи равшан хуш аст
Бо ман девона хуш дорад саги он кӯй ва ман
Чун зем нохуш ба ваии ҳоле ки ӯ бо ман хуш аст
Ошиқонро бистари санҷоби лоиқ кӣ буд
Мардуми девонаро хокистари гулхан хуш аст
Кӣ зи хуршеди ҷамолаш хонаам равшан шавад
Гар фитад гоҳе сӯии ман аксаш аз равзан хуш аст
Ҷайби пероҳан , худ аз мастӣ дарид он ғунчаи лаб
Кони тани нозуки миёни чоки пероҳан хуш аст
Ошиқон роҳаст аҳлии даст бар домони ёр
Дасти мо олӯдаи дилҳо давр аз он доман хуш аст