Чу нур аз ҷустуҷӯи як лаҳза нанишаст
Расед охир бидон парвонаи маст
Чунон дидаш ки буд аз чашми мардум
Ба чашми мардумони чашми худ гум
Агар гӯям хаёлии минмўдӣ
Хаёли ман буд кон ҳам набӯдӣ
Фитодаи болҳо дар ҳам кашид
Варақ барҳам зада гашта ҷарида
Чунонаш сӯзи доғ аз сари гузашта
Ки хок аз соя ӯ доғ гашта
Таниш чун мардумони дидаи хеш
зи ғам дар айни зорӣ бо дили риш
Назар чу бози гирди он нурро дид
Ба меҳри шамъ ӯро гарм пурсед
зи айни мардумӣ чун пеш хондаш
Равон бар дидаи равшани нишондаш
Чу шамъаши риштаҳои ҷон барошуфт
Бнўр аз шавқи нури чашм худ гуфт
Ки эй аз лутф , чашми равшани ман
Чароғи умри ман гашт аз ту равшан
Туе чашми марои он равшаноӣ
Ки афрӯзии чароғи ошноӣ
Бигӯ бо ман ҳадиси шамъи равшан
Ки борӣ аз фироқаши сӯхтами ман
Бигӯ чунасту бовай ҳамнафас кист
Марои ҳол инчунин шуд ҳол ӯ чист
Забон бикшод нур ва роз гуфташ
Ҳикоятҳо якояк боз гуфташ
Хабар аз сӯзи доғ ва зоряш гуфт
Пас онгаҳ қисса беморяш гуфт
Ба аввали муждаи шодии расонадаш
Бохри заҳр дилтангӣ чашондаш
Чу бишунид ин сухан бисёр бигирист
Чу шамъ аз оташи дил зор бигирист
зи шавқи шамъи доғ дил фузудаш
Яке сад гашти он доғӣ ки будаш
Бзорӣ гуфташ эй нури ду дида
Чароғи хотир меҳнат кашида
зи шарҳи меҳнати он шоҳи хубон
Маро оташ задӣ дар риштаи ҷон
Чу ғамгин кардем ғмхўори ман шӯ
Шифои бахши дили бемори ман шӯ
Дарин меҳнати касами фарёд рас нест
Ва гар бошад касе , ғайр аз ту кас нест
Чу аз лутфи чароғами гашти равшан
Надорам баъди азин дастати зи доман
Дарӣ биравӣ ман аз лутф бигушоӣ
Раҳе бар каъба мақсӯд бинмоӣ