Видоъу фурқати аҳбобу ёди аҳди шабоб

Диёри умри умедам , хароб кард хароб

зи ёди ин , рухи зардам дар оби гашти ғариқ

зи доғи он , дили ришам бар оташаст кабоб

Сиришк , хӯни равони дил манаст валек

Сифеди гаштан ӯро аҷоибаст ъҷоб

Чу бар шавад сӯии чашмами зи дил , буд чу ақиқ

Фурӯ чакад , шуда монанди лўлўии хўшоб

Ҳам ончунон ки агар чанд бошад он гул , сурх

зи гармӣу туфи оташ , шавад сифеди гулоб

Дареғи умри гиромӣу муддати шодӣ

Дареғи даври ҷавонӣу суҳбати аҳбоб

Рух чу лолаи сероби ман чу дид , бибаст

Замона бар ду биногваши ман зи барф , ниқоб

Бпжмрид бад-инсону бас аҷаб набӯд

Агар бпжмрд аз барф , лолаи сероб

Бадеъ нест зи баҳри шабобу умри азиз

Агар сиёҳ кунам мӯиро ҳаме ба хизоб

Агар ба сӯг азизон кунанд ҷомаи сиёҳ

Сиёҳ кардам ман , мӯии худ ба сӯги шабоб

Аё фирефтаи рӯзгор бе маҳсӯл

Ба умри орияти хеш то кӣ ин эъҷоб ?

Ҳамеша бар дар таслими гирд ; аз он ки ба ҷаҳд

Бурун наёяд ҳаргизи сафина аз ғарқоб

Макун гуноҳ ба умеди он ки гӯйӣ ҳаст

Худои ъзу ҷл ҳар гуноҳро таввоб

Агар шикори тзрў орзӯ кунӣ расадат

Ки қомати ту хам оварад ҳамчуи чанги уқоб

Кунун ки ҷуфт шудӣ , мар дуо физой бидон

Ки мари дуои туро зӯдтар диҳанд ҷавоб

Ҳаме набинӣ аз рӯй тҷрбт ки камон

Чу ҷуфт гардад , аз ӯ давртар равад партоб