Тадбири дил маро наме хоҳад

Ҷузи суҳбат носазо наме хоҳад

Аз муҳташамӣ ки ҳаст маъшӯқам

Пайванди ман гадо наме хоҳад

Ҳргаҳ ки зи муфлисон сухан гуяд

Донам ки маро чаро наме хоҳад

Ман ошиқи зоҳидаму лекин ӯ

Зар мехоҳад дуо наме хоҳад

эй мард баҳонааст зар , кови худ

Дар асли вуҷӯд мо наме хоҳад

Ҷони пешкашам буд ки бипазирад

Гар қолаб кам баҳо наме хоҳад

Қисса чаҳ кунам асир , ёр инак

Умеди бабри туро наме хоҳад