Агар мӯрӣ сухан гуяд , вагар мӯе равон дорад

Ман он мӯр сухан гӯям , ман он мӯем ки ҷон дорад

Танам чун сояи мўисту дил чун дидаи мӯрон

зи ҳиҷри ғолияи мӯе , ки чун мӯрон миён дорад

Агар мари обу оташро макони мумкин буд мӯе

Ман он мӯем ки дар тӯфон ва дар дӯзах макон дорад

Агар бо мӯӣ ва бо мӯрӣ шбонрўзӣ шавам ҳамраҳ

На мӯӣ аз ман хабар ёбад , на мӯр аз ман нишон дорад

Ба чашми мӯр дар ганҷам , зи баси зорӣу баси сустӣ

Агар хоҳад маро мӯрӣ бичишам андар ниҳон дорад

Ман он мӯрам ки аз зории маро мӯе бапушанд

Ман он мӯем ки аз сустӣ кам аз мӯрӣ тавон дорад

Манам чун мӯр аз андӯҳ аз ҳар мӯии хӯни афшон

На мӯеи кӯ гиреҳ гирад , на мӯрии кӯ миён дорад

Бики ҷузв аз ҳазорон ҷузви як зарраи нснҷми ман

Ки аз арзиз ва аз оҳани тани ман устихон дорад

Фироқи дӯст бар оризи ҳамеи бнгордми гӯйӣ

Ҳар он нақшӣ ки рӯзи бод рӯй обдон дорад

зи хӯни дидагони гуҳи гуҳ мухтат мекунам ориз

Чунон пероҳани гулгун , ки солу ма камон дорад

Гуҳ аз ориз бар афрӯзам ҳар ончи андар ҷигар дорам

Гуҳ аз дидаи фурӯи боРом ҳар ончи андар даҳон дорад

Хаёли тарки ман ҳар шаб шабихун оварад бар ман

Чу чашми хастагони чашмами ҳамаи шаб хӯн фишон дорад

Саҳаргаҳ чун хаёл ӯ маро пероя барбандад

Аз он гавҳар ки буии машку ранг нордон дорад

Маро гуяд : бихари моро , агар зару гуҳари дорӣ

Гуҳари бустони азин чашмам , ки зари сим рухон дорад

Аз он гавҳар ки ман дорам дарин дида надорад кас

Магари шамшери гавҳардори шоҳ хусравон дорад