Фархундаи боди иди шаҳаншоҳи додгар
Султони шарқу ғарбу шаҳаншоҳи баҳр ва бар
Соҳибқирони оламу дорандаи замин
Омӯзгори давлату фармондиҳи башар
Шоҳӣ ки ҳаст дар шарафу асли хештан
Афросйоби сӯрату олби Арсалони гуҳар
Султон одиласту ҷаҳони ҷумла он ӯст
Вондри камолу ақл ҷаҳонӣаст мухтасар
Бикшод бахти фаррух ӯ пару боли хеш
Фатҳаст зери болаш ва адласт зери пар
Олам ба даст ӯст гумон май барам ки ҳаст
Якдаст ӯ қазо ва дигар даст ӯ қадар
Баси шоҳу мирлшкру баси хасми ҷангҷӯӣ
Каз давлату саодати султони додгар
Он шоҳ шуд мусаххар ва он мейр шуд раҳе
Он хасм шуд музаввар ва он ҷанг шуд ҳадар
Шоҳои туро худоӣ ҳунар доду бахти нек
Зеро ки бахти нек буд мояи ҳунар
Бо ҷон бебасар набӯд ҳечкас азиз
Ҷонаст хизмати туу дидори ту басар
Хоҳад ки ҷони хеши фурушад ба зару сим
Ҳар хусравӣ ки ном ту хонд зи симу зар
Дидор туаст ҳаҷи ҳамаи халқи рӯзи ид
Айвон туаст каъбау даргоҳи ту ҳаҷар
Аз сад ҳазор ҳаҷ пазируфта беҳтараст
Ин адл кардан ту ва ин ҳиммату назар
Гарчи зи баҳри тоъату хушнӯдии худо
Ҳастанд ҳоҷён ба сӯии каъбаи роҳбар
Пеш ту омадӣ ба зиёрати ҳазор бор
Гар санги каъбаи роҳи парастӣу ҷонвар
Идат ба фоли неки бишорат ҳаме диҳад
Комсол кор туаст ҳамаи нусрату зафар
Бар хури ҳамеи зи шодӣу шоҳӣу хуррамӣ
Каз сад ҳазор иди чунин брхўрӣ дигар
Ҷовид шод бошу худованд ва шоҳ бош
Олами ҳамеи гузору з олам макун гузар
Кинтуз ва дайн фурӯзу тараби созу хасми сӯз
Зари бахши вуҷӯдпарвар ва май гиру нӯши хур