Иди арабу суннату ойини паямбар
Фархунда кунод эзад бар шоҳи Музаффар
Султони баланди ахтари абўолФтҳи маликшоҳ
Шоҳӣ ки азизаст ба ӯ дайни паямбар
Фурмонаш кашидаст хаттии гирди ҷаҳон дар
Доранд ҳамаи тоҷўрон бар хат ӯ сар
Аз номау номаши ҳамаи исломи музайян
Вази рояту райши ҳамаи офоқи мунаввар
Фахр падаронаст ба ӯ тогаҳи одам
Ҷоҳ писаронаст ба ӯ тогаҳи маҳшар
Бетоъат ӯ шохи саодати надиҳади бор
Бехизмат ӯ тухми саломати надиҳад бар
Пирӯзии шоҳон буд аз ахтари давлат
Пирӯз шуд аз талъат ӯ давлату ахтар
эй теғи гуҳардори ту аз фатҳи мураккаб
Ваии дасти гуҳарбори ту аз ҷаври мусаввир
Но?зидани шоҳон буд аз афсару хотам
Нозинда шуд аз сирати ту хотаму афсар
Рои ту сипеҳрасту дилати чашмаи хуршед
Базми ту биҳиштасту кафати чашмаи кавсар
Хор аз нами борони сахои ту шудаи гул
Хок аз туфи хуршеди қабул ту шавад зар
Гардад ба як анъоми ту ранҷури тани осон
Гардад ба як эҳсони ту дарвеши тавонгар
Дар малик набӯдаст ҷаҳонро чу ту хусрав
Дар дод набӯдаст ҷаҳонро чу ту довар
Ҳам дар араби осор ту гаштааст муҳайё
Ҳам дар аҷами иқбол ту гаштааст муқарар
Чун меҳр ки аз шарқ гароед сӯии мағриб
Чун моҳ ки аз бохтар ояд сӯии ховар
Гуҳи рояти олии барӣ аз Балх ба Бағдод
Гоҳе кашӣ аз диҷла ба Ҷайҳуни сафи лашкар
Ройоти ту андари рай ва аз номи хитобат
Дар машриқу мағриби шарафи хутбау минбар
Таърихи футуҳи ту дурустасту ҳақиқат
Афсонаи шаҳнома маҳоласту музаввар
Шуд хотири мо чун фалаку мадҳи ту кавкаб
Шуд дафтари мо чун садафу мадҳи ту гавҳар
Ҳастем зи мадҳати ҳамаи афрӯхтаи хотир
Ҳастем зи мадҳати ҳамаи оростаи дафтар
То шуъла озар нашавад қатраи борон
То қатра борон нашавад шуълаи озар
Бо амри ту тақдири қадари боди мувофиқ
Бо ҳукми ту даврони фалаки боди баробар
Шоҳони ҷаҳони рои туро гашта мтобъ
Шерони жёни ҳукми туро гашта мусаххар
Иди ту ҳумоюну ҳамаи рӯзи ту чун ид
Наврӯзи ту аз иди ту хуррамтар ва хуштар