Чун ақиқ обдорасту каманди тобдор
Он лаби ҷонпарвару зулфи ҷаҳони ошӯби ёр
Об дорам дар ду чашм ва тоб дорам дар ҷигар
Зон ақиқи обдор ва зон каманди тобдор
Зулф ӯ гирди Рахши парвона вораст эй аҷаб
Ин дил ман ҳаст дар савдоӣ ӯ девонаи вор
Нест як соъати қарори ин ҳар дуро бар ҷои хеш
Кӣ буд парвонау девонаро ҳаргизи қарор
Гар набинад ҳечкас пайваста бо хуршеди сарв
Кони яке бар осмонаст ин дигар бар ҷӯйбор
Рӯй чун хуршед ӯ бар сарви маскан чун гирифт
Қомат чун сарвро хуршед чун оварад бор
Ман зи дили гирами қиёси аи ҳоли зорои хештан
ӯ з ман гирад қиёси ин дили нобурдбор
ӯ чу дар ман бингарад донад ки гарм афтод дил
Ман чу ди р ӯ бингарам донам ки саъб афтод кор
Дар ду зулфаш ҳаст атр ва дар дили ман оташ аст
Атр дар оташ наад чун гирам ӯро дар канор
Хоҳад он дилбар ки ман васфи ҷамол ӯ кунам
Буи атр ояд зи ман дар пеши тахти шаҳриёр
Шоҳи машриқи Арсалони арғўи худованди мулӯк
Маликро аз Арсалони султони мубораки ёдгор