Ало эй гардиши гардуни даввор
Ндонӣ ҷузи бадӣ кардан дигар кор
Нагардӣ ром бо кас дар замона
Набандӣ дил ба меҳри ҳеҷ диёр
Гуруҳеро намоеи шодмонӣ
Вази эшон даври дории ранҷу озор
Пас онгаҳ ногаҳони дӯдӣ бар оре
Аз он дӯда ба дарду доғу тимор
Ба чашми ту чаҳ доно ва чаҳ нодон
Ба пеши ту чаҳ бар тахт ва чаҳ бурдор
Худовандӣ ки ороми ҷаҳон буд
Дар ӯ умеди бастаи халқи ҳамвор
Ба дасти ҷоҳилии ҷони громиш
Рабӯдӣ аз тани поки инат ғаддор
Чу хоҷаи худ нпрўрдӣ чу бача
Чаро парвардаро хӯрдӣ чунин хор
На аҳдаш буд аслатро далоил ?
На дасташ буд рӯзатро намӯдор ?
На ӯ бади маркази даврони аҳдат ?
На паргори ту ӯро буд рафтор ?
Чаро бигусастии он ҷонаш ндонӣ
Ки бемарказ нагардад ҳеҷ паргор
Ало ё офтоби субҳгоҳӣ
Бад-ӣн кӣ будӣ аз олами сазовор
На ту рафтӣ ки қудрат рафту давлат
На ту мардӣ ки рояти марду осор
На давлатро буд зин беш равнақ
На фармонро буд зин беш дидор
Ту будӣ розиқи ризқи замона
Дурӯғи тангдастонро харидор
Туро донам накишт он кови туро кишт
Ки ризқи мардумонро кишти ночор
Дар рӯзӣ бибасту роҳи шодӣ
Сар давлат буриду дасти миқдор
Дарахти ҷӯадро барканду афканд
Сахоро беху бахшишро нигунсор
Худовандо пас аз ту кӣ диҳад дил
Ки мадҳатро кунам дар ваҳми такрор
Дариғо во дариғо зон нагӯям
Ки аз гиряи баромади табъ аз кор
Ҳаме гӯям ба расми подшоҳӣ
Фурӯ хуфт ва нагардад низ бедор