Омад ба фаррухӣу саодат ба дори малик

Садрӣ ки ҳаст бар қалам ӯ мадори малик

Исломро низому писандидаи соҳибӣ

Каз фар ӯ чу дор саломаст дори малик

Фарзанди фахри малики Муҳамади вазири шоҳ

Коизди ниҳод дар ҳркотши қарори малик

Андешау тааммул ӯро мусаллам аст

Ақди китоби давлату ақди шумори малик

Ҳар рӯзи навбаи нави ҳамаи динор ва гавҳар аст

Аз остини ҳиммат ӯ даркинории малик

Ёраст маликро ҳамаи солаи вазораташ

Оре вазоратаст ҳамаи солаи ёри малик

Фархунда шуд ба давлат ӯ рӯзгор ӯ

Фархунда шуд ба талъат ӯ рӯзгори малик

Шамшеру тири хусраву рои савоб ӯ

Парвардгор дайн шуду парвардгори малик

Ин ҳаст бадари ҳишмат бар осмони дайн

Ваон ҳаст сарви Хизри т бар ҷӯйбори малик

эй гавҳари азиз ки ҳаргиз наёфта аст

Ғаввоси бахт чун ту гуҳар дар баҳори малик

Омухтии ту ки аз падару ҷади хештан

Таҳзиби шуғли давлату тартиби кори малик

Ту ифтихори малику мулӯкӣ ва бӯда анд

Аслофи ту ба ъзи мулӯки ифтихори малик

То ҳсни ту ҳисор буд малики шоҳ ро

Эмин буд зи тири ҳаводиси ҳисори малик

Мизони ақл туасту маҳаки замири ту

Инро хабар диҳанд ба вазну айёри малик

Ту абри раҳматӣу зи борони адл ту аст

Ҳамвора сабзу хуррам ҳар шохсори малик

То маликронигор з тўқиъҳоӣ туаст

Гӯйӣ ки ошиқаст малик барнигор малик

Зеро ки ҳур ва моҳ фиристад ба маҷлисат

То ту кунӣ зи ёра ӯ гӯшвори малик

Иқболи ту з рӯй замин бар фалак шуда аст

То аз фалак ситора фиристад нисори малик

Хоҳад шудан ба мхлби шоҳини зи ҳимматат

Шоҳи ситорагон ба фалак бар шикори малик

Аз фари шоҳ аз ту ҳамаи Яману исри бод

Ҳам бар ямини миллат ва ҳам бар ясори малик

То ҳашар дар ҷаҳони зи вазирону хусравон

Ту ёдгори давлат ва ӯ ёдгори малик