Фархундаи боду хуррами наврӯзи шоҳи олам
Султони тоҷдорони тоҷи табори одам
Олии ҷалоли давлати боқии ҷамоли миллат
Дорандаи замонаи шоҳаншаҳи муаззам
Аз тахт ва хотам омад ороиши бузургон
Ва орост аз маликшоҳи имрӯзи тахту хотам
Шоҳаншаҳӣ ки адлаши бФзўди нури гетӣ
Фармондиҳӣ ки ҷўдши бушковат рӯй олам
Дар рӯзгори шоҳони таърих ӯ мўхр
Дар хонадони шоҳони фармон ӯ мақдам
Аз қалъаҳои муҳками душмани ҳаме чаҳ нозад
Маргаст теғи султон дар қалъаҳои муҳкам
То азм кард султон рафтан ба ҷониби чин
Фағфури чин ба чин дар барсохтааст мотам
Қайсари зи бими теғаш безор шуд зи рҳбон
Бӯҳтон ҳаме нагӯяд бар исои бен Марям
эй дар ҷамол чун ҷам дар фатҳ чун Сикандар
Дар лашкари ту байнами сесад ҳазор рустам
Гар нозаши мусулмон аз з мзмасту каъба
Тахт ту ҳаст каъбаи даст ту ҳаст замзам
Андари баҳори хуррами шодӣу хуррамӣ ба
Шодӣ ва хуррамӣ кун ки омад баҳори хуррам
Биншин ба тахти шоҳӣ то бахт ту бинозад
наменӯш кун ба шодӣ то душманат хӯрд ғам
Адли ту боду умрат ҳар соъатӣ дар афзӯн
Ҳаргиз мабод рӯзии адли ту аз ҷаҳон кам
Шоири туро мъзӣ , ровии туро шукри лаб
Давлати туро мусаллам , нусрати туро дамодам