Бингар ба сабӯҳи маҷлиси султон
Хуррам шудаи ҳамчуи боғ дар Нитсаон
Иқболи надиму бахти хизматгар
Тавфиқи рафиқу чархи саъди афшон
Султони муаззаму надимонаш
Дили хурраму тани дурусту лаби хандон
Чун Хизр нишаста хусрави олам
Май баркаф ӯ чу чашмаи ҳайвон
Ин тахти сипеҳру шоҳ чун хуршед
Ин базми биҳишту шоҳ чун ризвон
Базмӣ ки аз ӯ ҳаме фурӯзад дил
Шоҳӣ ки аз ӯ ҳаме фазояд ҷон
эй мутриб равад тезтар кун ҳин
эй соқии бодаи бештари даҳ ҳон
Шоҳӣ ки ба ҳзму азм ӯ гардад
Санадон чун муму мум чун санадон
Бо давлат ӯ замонаро байъат
Бо ҳиммат ӯ ситораро паймон
Дар лашкар ӯ ҳазор Кайхусрав
Дар хизмат ӯ ҳазор нўшрўон
Ҷовид сазад бақои шоҳаншаҳ
Ёрб ту кунӣ бақоаши ҷовидон