Бут манаст нигорӣ ки қомату дили он

зи ростӣу з норостӣаст тиру камон

Агар миёни камон ошкора бошад тир

Ниҳодааст камон дар миёни тири ниҳон

Агар на чашми ману чашми ёри крдстнд

зи баҳри дӯстӣу меҳри байъату паймон

Чаро фиристад он оби хештани сӯии ин

Чаро фиристад ин хоби хештани сӯии он

Агар на зулфаш чавгон шуду занхдони гӯй

Дилам чу гӯй чаро карду пушт чун чавгон

Ба шом рафту зи теғаш ба рӯм буд хурӯш

Ба рӯм рафту зи саҳмаш ба Миср буд фиғон

Чу рӯм ва шом кунад ҳиндро ба сол дигар

Агар шавад сӯии Ҳиндӯстону туркистон

Аё шаҳӣ ки зи адли ту бас аҷаб набӯд

Агар ба обхўр оянд Ғарму шери жён

Шаҳи замонау султони рӯзгори туе

Ки хор шуд ба ту куфр ва азиз шуд имон

Ба ҳеҷ маънӣ воҷиб нагардад истиғфор

Бар он касе ки туро шоҳ хонду султон

Ту он шаҳӣ ки туро ҳар замон ба доду диҳиш

Ҳаме дуруд фиристад равони нўшрўон

Ту он шаҳӣ ки фалак то туро ҳаме бинад

Накард ва ҳам накунад бе муроди ту даврон

Ту он шаҳӣ ки бар афлоки бараду кавкаб ро

Набӯд ва ҳам набӯд бе саодати ту қирон

Барои фатҳи ту бурҳон чу хоҳад аз ман кас

Басаст рояту рои ту фатҳро бурҳон

зи боди қаҳри ту райҳон шавад фусурдау хушк

Ба ёди адли ту бар шӯраи бушковади райҳон

Шавад зи қаҳри ту осони душманони мушкил

Шавад зи меҳри ту душвори дӯстони осон

Дабири чарх агар душманӣ буд ба мисл

Ки бар адовати ту тири брнҳд ба камон

Аҷаб набошад агар боз пас равад тираш

Кунад замонаи зи сӯфори тир ӯ пайкон

Хдоигоно дар шукр ва дар парастиши ту

Қзогшодаҳ забонасту бахти бастаи миён

Турост ҳарчӣ дар ислом ҳаст бо қимат

Ту рост ҳарчӣ дар офоқ ҳаст ободон

Ба теғи тези туе хасми банду шҳргшоӣ

Ба дасти родтўиии моли бахшу малики ситон

Зхўн душман кардӣ ақиқи ранги ҳисом

Ақиқ ранг кун акнӯн қадаҳи зи хӯни рузон