Навбаҳору офтобӣ эй мубораки подшоҳ
Навбаҳори малику дайну офтоби тахту гоҳ
Ҷузи ту дар олам надидам навбаҳорӣ бо қабо
Ҷузи ту дар гетӣ надидам офтобӣ бо кулоҳ
Дод додан расм туасту доддаҳ ба шаҳриёр
Ном ҷустан кор туасту номвар ба подшоҳ
Асли шоҳигар ҳунар бошад туе асли ҳунар
Пушти шоҳигар сипаҳ бошад туе пушти сипоҳ
Зоташи хашми ту бадхоҳон ҳаме гӯйанд рой
Зоҳни теғи ту бдгўён ҳаме гӯйанд оҳ
Рӯзи разм аз ту чунон тарсанд шоҳони далер
Чун гунаҳи корон ба рӯзи маҳшар аз бими гуноҳ
Пеши ту душман чунон бошад ба дидору сифат
Ҳамчуи пеши моҳи моҳӣ ё ки пеши кӯҳи коҳ
Дшмнонтро ҳамеи байнами зи меҳнати чори чиз
Ашки сурх ва рӯй зарду сари сипеду дили сиёҳ
Дӯстонатро ҳамеи байнами зи даврони чори чиз
Саъди бахту зӯри чарху фари меҳру нури моҳ
эй шаҳаншоҳӣ ки ҳастӣ довари яздони параст
эй худовандӣ ки ҳастӣ хусрави яздони паноҳ
Омадӣ меҳмони фарзанди вазири хештан
Он вазири некбахту кадхудои неки хоҳ
Он вазирии кови ҳама софӣ кунад малики ҷаҳон
Он вазирии кови ҳаме боқӣ кунад дайни илоҳ
Ҳамчу ризвон омадӣ меҳмони Фхролмлки хеш
Чун биҳишт оростӣ ин маҷлис ва ин базмгоҳ
Лоҷарами зини ифтихору зини шараф то рӯзи ҳашар
Дӯдау аъқоби Фхролмлкро фахрасту ҷоҳ
То ту кори бандагони худ чунинсозӣ тамом
То ту ҳақи чокарони худ чунин дории нигоҳ
Бандагони ту чунин доранд ҷоҳу манзалат
Чокарони ту чунин доранд қадару пойгоҳ
Фарш давлат густаранд ҳар ки ӯ дорад ҳунар
Об Ҷайҳун бигузаранд ҳар ки ӯ донад шиноа
То ки бошад одамӣ дар оламу деву парӣ
То ки бошад хоку боду оташу обу гиёҳ
Дар саодати бод ё ҳар ҷо ки бошад рӯзу шаб
Дар саломати бод ё ҳар ҷо ки бошӣ солу моҳ
Шоҳӣу шодии ту дорӣ то ҷаҳон монад бимон
Ҳамчунин аз бахти шод ва ҳамчунин бар тахти шоҳ