Агар ягонаи шӯй бо ту дил ягона кунам

Зъшқу меҳр дигар дилбарон карона кунам

Вагар ҷафо кунӣ ва бигузарӣ зи роҳи вафо

Ду дидаи тири ҷафои туро нишона кунам

Рамида кард змни гардиши замонаи ту ро

Бад-ӣни сабаби гилаи азгрдш замона кунам

Сиёҳи холи ту донаасту тираи зулфи ту дом

Ба дом баста шавамгар тамаъ ба дона кунам

Ба маҷлисӣ ки рафиқон нигоҳ дорандат

Ба чашм бо ту сухан гӯям ва баҳона кунам

Чу нанигаранд рафиқон нигаҳ кунам сӯии ту

Чу бингаранд нигаҳи сӯй остона кунам

Агар чу мурғ барорам зорзўии ту пар

Ҳама ба кӯии сарои ту ошиёна кунам