Снмои мо зи раҳи давру дароз омада ем

Ба сари кӯии ту бо дарду ниёз омада ем

Гар зи наздики ту оҳистау ҳушёри шудем

Масту ошуфта ба наздик ту бозомада ем

Омдстими харидор мева раваду сурӯд

На фурӯшандаи тасбеҳу намоз омада ем

Як замон гарм кун аз мастии мо маҷлиси хеш

Ки зи мастӣ бар тўгрми фароз омада ем

Гарчи дар фурқати ту зору нзорим чу шамъ

Аз паии сӯзиш ва аз бҳргдоз омада ем

Бар умеди рухи зебои ту ҳам бо ғаму ранҷ

Ҳамчунонаст ки бо шодӣу ноз омада ем

Дасти могар ба сари зулф дарозат нарасад

Бо сари зулфи ту аз ҷавр ба роз омада ем

Бинии он зулфи дарози ту ки аз роҳи дароз

Мо ба назораи он зулфи дароз омада ем

Буд як чанд нишеби талабат дар раҳи мо

Аз нишеби талаб акнӯн ба фароз омада ем

Тӯшау сози здидори ту хоҳеми ҳаме

Гар ба дидори ту бетӯшау соз омада ем