Кофари бачае сангдил оварда ғозӣ
Дилҳои мусулмонони брбўдаҳ ба бозӣ
Шуд дар сифати ҳиялати бозии дил ӯ сахт
То суст кунад қоидаи миллати тозӣ
Ҳар тавба ки дидем дар ислом ҳақиқӣ аст
Дар ишқи ҳамон тавба шуд имрӯзи маҷозӣ
Савганд хӯрам каз дилу ҷон банда ӯем
Ҳарчанд ки ҳаргиз накунад бандаи навозӣ
Андари сафи хубони парии чеҳра чунон аст
Кандар сафи шамшери занони ҳайдари ғозӣ
Мискини дил ман ҳаст ҳамеша ба каф ӯ
Гардон шуда чун даф ба кафи ҳайдари розӣ