Бар ман ин ранҷу ғами охир ба сар ояд рӯзӣ

Лаби ман бар лаби он хуш писар ояд рӯзӣ

Гарчи даврами зибр ёр бидон хурсандам

Ки маро зу ба саломат хабар ояд рӯзӣ

Зарбати ҳиҷри ҳаме хаста кунад ҷони маро

Оҳ агар зарбат ӯ коргар ояд рӯзӣ

Ҳар шабии қофилаи васли зи ман дўртрст

Охири ин қофила наздиктар ояд рӯзӣ

Моҳи иқбол бар ояд зи сари кӯҳи мурод

Гарнигорам зи сркўии даройади рӯзӣ

Осмон гар накашидаст қалам бар номам

Номам аз нома иқбол барояд рӯзӣ

Роҳ бартофта аз раҳ барра ояд вақте

Наҷм бигурехта аз дар ба дар ояд рӯзӣ

Давлати неки марои кишти басии тухми умед

Тухми давлат чу бакорӣ ба бар ояд рӯзӣ

Дар ҷаҳон дил натавон баст ки неку бади ҳам

Гарчи бисёр бпоид ба сар ояд рӯзӣ