Дӯши онкии ҳамаи ҷаҳони мо буд

Оростаи миҳмони мо буд

Савганд ба ҷони мо ҳаме хӯрд

Гар чанд балои ҷони мо буд

Будаш ҳамаи хуррамӣу хӯбӣ

Шукри эзадро ки он мо буд

Аз толеъи саъд мо баранд

Фолӣ ки на дар гумони мо буд

Бинишаст миёни мо ва бархест

Озор ки дар миёни мо буд