эй дилбари айёри турои ёри тавон буд
Ғамҳои туро бо ту харидори тавон буд
Бо доғи ту тан дар ситами чарх тавон дод
Бо ёди ту андари даҳани мори тавон буд
Бар буии гули васли ту солӣ на ки умрӣ
Аз дасти гули васли ту пари хори тавон буд
Дар орзӯии шукру бодоми ту сад сол
Бар бистари тимори ту бемори тавон буд
Сад шаб ба таманнои висоли ту чу наргис
Бе наргиси бемори ту бедори тавон буд
Онҷо ки муроди ту ба ҷон кард ишорат
Бо хасми ту дар куштани худ ёри тавон буд