Ончӣ бар ман дар ғами он номусулмон ме равад

Биллоҳ ар бо муъмини андар коФрстон ме равад

Дил ба даллол ғамаш додам ба дастам боз дод

Гуфт нақдии даҳ ки ин бо хок яксон ме равад

Ончунон бе маънӣии корам ба ҷон оварад ва рафт

Ин сухан дар ёр бемаънӣ на дар ҷон ме равад

Гуфтам аз бе обии чашми замонаи сети ин магар

Пешати оби ман кунун тира ба дастон ме равад

Дили кадомии саг буд ҷое ки сад ҷони азиз

Дар рикоби камтарини шогирд сгбон ме равад

Дар тамошогоҳи зулфаш аз паии тартиби ҳасан

Бод бо фармони равоеи ҳам ба фармон ме равад

Боди бории зулф ӯро чун ба фармон шуд чунин

Деви зулфаш гарна бо меҳр сулаймон ме равад

Ид будаст ончӣ дар Кашмӣр мерафтаст азу

Кор ин дорад ки акнӯн дар хуросон ме равад

Дар миёни оташи дил гарчи ҳар шаб то ба рӯз

Ҷонам аз ёди лабаш дар об ҳайвон ме равад

Ҳар замон гуяд чаҳ хориҷ меравад акнӯн зи ман

Дам наме ёрам задан варна фаровон ме равад

Оби лутф аз ҷониб ӯ меравад бо анварӣ

Балки аз инсофу адл ва дод султон ме равад

Хусрави офоқи зулқарнайни сонии санҷари онк

Қайсараш дар таҳти фармони ҳамчу хоқон ме равад