Ҷоно агар ба ҷонат биёбам гарон набошӣ

Ҷонам мабод агар ба азизӣ чу ҷон набошӣ

Ҳон то қиёси кори худ аз дигарон нагирӣ

Кор ту дигараст ту чун дигарон набошӣ

Ишқат ба дили харидаму ҳқо ки суд кардам

Ҷонам ба ғами бихар ки ту ҳам бар зиён набошӣ

Чун ман шумори ҳеҷ бад ва нек брнагирам

Аз корҳои хеш ки ту дар миён набошӣ

эй дар миён кор кашида ба як раҳам ро

Воҷиб чунон кунад ки чунин бар карон набошӣ

Ҷузи ҳиҷри ту ба гирди ҷаҳон достон набошад

Бо дӯстон ба васл чу ҳамдостон набошӣ

Гӯйӣ ки ҷуз ба ҷону ҷони ёр кас набошам

Ҷоно ба ҳарчӣ бошӣ ҷуз ройгон набошӣ

Бихаред анварят ба ҷону ҷаҳон ба шартӣ

Каз ваии ниҳону давр чу ҷон ва ҷаҳон набошӣ