Аз ман эй ҷон рӯй пинҳон ме кунӣ

То ҷаҳон бар ман чу зиндон ме кунӣ

Ошкорои гашти розам то зи ман

Хандаи дуздида пинҳон ме кунӣ

Хӯни дилҳои азизони рехтан

Гарчи душвораст осон ме кунӣ

Зуҳра кӣ дорад ба кардан ҳечкас

Ончии ту аз макр ва дастон ме кунӣ

Ҳарчӣ мумкин гардад аз ҷавру ҷафо

Бо дили мискини ман он ме кунӣ