Дарди ту садҳазори ҷони арзад
Гирди ту нури дидагони арзад
На ғаматро баҳо ба ҷони бикунам
Ки баронам ки беш аз он арзад
Гарчи бар ман язиди ишқи ғамат
Дилу ақлу тану равони арзад
Ҳиҷри ту бар умед васл хушаст
Дузди матбах ҷазоӣ хон арзад
Аз зарифон ба хосса аз чу туе
Қасди ҷонии ҳазор ҷони арзад
Дард аз чокарати дареғи мадор
Саги кӯии ту устихони арзад
Ёд кун бандаро ба ёд кунӣ
Дузди дашноми посбони арзад