Дардам фузуду даст ба дармон наме расад
Сабрам раседу ҳиҷр ба поён наме расад
Дар зулмат ниёз биҷаҳад Сикандарӣ
Хизри тараб ба чашма ҳайвон наме расад
Бархон аз онкӣ туъма ҷонаст ҳеҷ тан
Онҷо ба пои ақл ба ҷуз ҷон наме расад
Ҷон додаам магар ки ба ҷонони худ расм
Ҷонам бурун шудаст ва ба ҷонон наме расад
Хуоне ки хоҷаи хирад аз баҳри ҷони ниҳод
Меҳмони ақл бар сар он хон наме расад
Гуфтам ба мизбон ки марои зула Эй фирист
Гуфто ҳануз нақл ба дарбон наме расад
Фитроки ин савор ба ту кӣ расад ки худ
Гардиш ҳануз бар сар султон наме расад
Тӯфон расед дар ғамату анварӣ ҳануз
Қисмати сарои Нӯҳ ба тӯфон наме расад