Ҳарчӣ бо ман кунӣ раво бошад

Барги озори ту кро бошад

Чун ту дар айш ва хуррамӣ бошӣ

Гар набошад раҳе раво бошад

Чанд гӯйӣ ки аз бало бигурез

Ки раҳи ишқи пар бало бошад

Аз балои ту чун тавон бигурехт

Чун дилам бар ту мубтало бошад

Бо балоу ғами ту арз кунам

Гар ҷаҳони сар ба сар маро бошад