На чу ширини лабат шукр бошад
На чу равшани рахт қамар бошад
Бо суханҳои талх чун заҳрат
Айши ман хуштар аз шукр бошад
Ту ба зари моилӣ ва нест аҷаб
Майли хубони ҳама ба зар бошад
Кори ошиқ ба сим гардад рост
Ишқ бесим дардисар бошад
Доим аз нестии ишқи туам
Ҳар ду лаби хушку дида тар бошад
Дар фироқи ту ошиқони туро
Ҳамаи шабҳои бесаҳар бошад
Ишқу ифлос дар мусулмонӣ
Сад раҳ аз кофарӣ бтар бошад