Дидори ту дар ҷаҳон ҷаҳонӣ дигараст

Рухсори ту моҳ осмонӣ дигараст

Гар ҷон бишавад равост андари ғами ту

Моро ғами ту ба нақд ҷонӣ дигараст