Ҷон аз ғами дӯст растанӣ нест

Зини доми ҳалок ҷустанӣ нест

Он фитна ки хостӣ ва бархест

То нанишинӣ нишастанӣ нест

Бигусасти алоқае киаш ман

Пндоштмӣ гусастанӣ нест

Аз кардани тавба тавба кардам

Ин тавба дигар шикастанӣ нест

Он сабзаи ишқ кӯ нахурд об

Аз чашмаи чашм растанӣ нест

Аз қҳбаҳу ҳизи ишқу иффат

Зинҳор мҷу ки ҷустанӣ нест