Гар муроди дили худ ҳосил аз ахтар накунам
Осмон , ноксм ар чархи ту чанбар накунам
Модари даҳр агар мисли ту духтар зояд
Бепадар бошам агар ҳурмат модар накунам
Ин туе дар бар ман ё ки буд хобу хаёл
Ки ман аз бахти худ ин воқеа бовар накунам
Сар аз он шаб ки зи болин ту бардошта ам
Хешро дар ду ҷаҳон бо фалак ҳамсар накунам
Нест як шаб ки ман аз ҳасрати чашмат то субҳ
Муттасили хӯни дил аз дида ба соғар накунам
Шуълаи оҳи ман оташ ба ҷаҳон хоҳад зад
зи оби чашми худ агар рӯй замин тар накунам
Хӯни ман рез миндиш ту аз ҳашар ки ман
Шиква аз дасти ту ғайр аз ту ба довар накунам