Водии ишқ чу роҳи зулмот осон нест
Марв эй Хизр ки ин марҳаларо поён нест
Нест як даст ки аз дасти ту бар кайвон нест
Нест як сар ки зи савдои ту саргардон нест
Бас ки сар дар хами чавгон ту афтод чу гӯй
Як нафари мард ба майдони ту саргардон нест
Гар ба дарёии ғами ишқ ту уфтад донад
Нӯҳи ҷузи ғарқи халосяш аз ин тӯфон нест
Надаед аз паии беҳбӯдии ман ранҷи табиб
Дард ишқаст ба ҷузи марги варо дармон нест
Хости зоҳид ба харобот наад по гуфтам
Сари худ гир ки ин водӣ Ардистон нест
Шаби ҳиҷри ту марои мӯӣ сияҳ кард сифед
Умр поён шуду поёни шаб ҳиҷрон нест
Вақте эй Юсуф гум гашта ту пайдои гардӣ
Ки зи ёқӯби хабари неи асар аз канъон нест
Дили ман хӯн шуду хунобааш аз дида бирехт
То бадонеи зи туами рози дарун пинҳон нест
То гул рӯй ту эй сарви равон дар назар аст
Ҳеҷ моро ҳаваси сарву гул ва бустон нест
« арнӣ » гӯйони муштоқи туам рух бинмо
« лнтароне » нагу орифи писар умрон нест