Ба марги дӯсти марои майл зиндагонӣ нест ?

зи умр сайр шудам марг ногаҳонӣ нест ?

Бақоӣ хеш нахоҳам аз онкӣ ме донам

Ки эътимод бар ин рӯзгор фонӣ нест

Хушам ки ҳечкас аз ман дигар нишони надиҳад

Ба кӯии ишқи нишон ба з бенишоне нест

Сиёҳ рӯй надорӣ шавад ки гар биравам

Ба базми дӯст ба ҷузи хиҷлат армағонӣ нест

Хазам ба хирқаи пашмин худ ки ин гармӣ

Ба хирқа хаз ва дар ҷома ямонӣ нест

Раҳин миннати чашмам на чашмаи ҳайвон

Бигӯ ба Хизр ки ин вазъ зиндагонӣ нест

Суроғи водии девонагони зи маҷнӯни гир

Ҷунуни ишқ буд ин штрчронӣ нест

Ба пурсиши дили ман оеи он замон ки маро

Барои гуфтани дарди дарун забонӣ нест

Ба зери хирқаи зи ман муштии устихон монда аст

Ба ҷони дӯст ки дар зери ҷома ҷонӣ нест

Ту шоҳбозӣ ва хоҳӣ кунӣ сарафрозам

Манам хаҷал ки дар ин боғам ошёнӣ нест

Ваҳиди асри худӣ ъорФо бидон имрӯз

Ки аз барои ту дар зери чарх сонӣ нест