Бемори дарди ишқ ва парасторам орзӯаст

Беҳбуд зон ду наргис бедорам орзӯаст

Ёрон шуданд бадтар аз ағёри гӯ ба дил

К-эии ёри ғори суҳбат ағёрам орзӯаст

эй дидаи хӯни бабор ки як миллатӣ ба хоб

Рафтааст ва ман ду дида бедорам орзӯаст

Эрони харобтар зи ду чашми ту эй санам

Ислоҳи кор аз ту дар ин корам орзӯаст

Бедор ҳар ки гашт дар Эрон равад ба дор

Бедору зиндагонӣ бедорам орзӯаст

Эрони фидои булҳавасиҳои хоинин

Гардӣда як қушӯн фидокорам орзӯаст

Хунрезии ончунон ки з ҳар сӯии ҷӯии хӯн

Резади миёни кӯча ва бозорам орзӯаст

Дар зери бори ҳис шудаам хастаи роҳи давр

Бо марги гӯи халосӣ аз ин боРом орзӯаст

Безор аз он бидам ки дар он нанг ва ор нест

Имрӯз аз ончии умрӣ безорам орзӯаст

Мушти маориф ар даҳани шайхи бишиканад

Зини мушт кам намӯна харворам орзӯаст

Ҳақ воқифаст вақф ба чанголи нокасон

Афтодаи дасти воқиф асрорам орзӯаст

Таҷдиди аҳди давраи султони ҳусайни гашт

Як марди нав чу нодир сардорам орзӯаст

Моро ба боргоҳи шаҳи ориф агарчӣ роҳ

Набӯд ва лек покӣ дарборам орзӯаст