Дар даври зиндагӣ ба ҷуз аз ғам надида ам
Як рӯзи хуши зи умр ба умрам надида ам
Гуфтам бубинами инки шаби роҳатӣ ба хоб
Дидам зи дасти ҳиҷр ту дидам надида ам
Гуфтанд дами зи умри ғанимати тавон шимурд
Ман дар шумори умри худ он дам надида ам
Аз солу моҳу ҳафтау айёми зиндагӣ
Як рӯзи иди ғайри муҳаррам надида ам
Аз аввалин сулолаи одами ило кунун
Зини хониводаи як нафари одам надида ам
Чандини ҳазор риштаи меҳр ва вафо гусехт
Як риштаи ногусехтаи муҳкам надида ам
Бо дидаи хаёлу тасаввур ки мумкин аст
Гардад ду дил ба ҳам яке он ҳам надида ам
Ҷузи турраи пареши туу рӯзгори хеш
зи авзоъи чархи дарҳаму барҳам надида ам
Ҷузи ҷом май ки уқдаи гушой ғамасту бас
Кас дар харобаи мамлакати ҷам надида ам
Ориф ба ғайри боргаҳи пер май фуруш
Гардан барои курнриши каси хам надида ам