Чаҳ додхоҳӣ аз ин додхоҳи пӯшолӣ
зи шоҳи кишвари ҷами ҷойгоҳи пӯшолӣ
Ба ҷои тоҷи киёнӣу тахти ҷам монда аст
Ҳасири пора ба ҷоу кулоҳи пӯшолӣ
Ба қадари як сари мӯе аду наяндешад
Аз ин сипаҳбад ва аз ин сипоҳи пӯшолӣ
зи оҳи синаи пӯшолӣ оташ афрӯзем
Ба коху қаср ва ба ин боргоҳи пӯшолӣ
Бибин чаҳ ғофилу ороми хуфтаи ин миллат
Чу гӯсфанд дар оромгоҳи пӯшолӣ
Паноҳи миллати маҷлис буд чу гардад чоҳ
Паноҳгоҳ бисӯз ин паноҳи пӯшолӣ
Бигӯ чигуна зи дунёи гузаштае дарвеш
Ки дил намекунӣ аз хонақоҳи пӯшолӣ
Баҳор омад ва ориф намешавад сарсабз
зи боғу лолау хуррами гиёҳи пӯшолӣ