Намӯд бо мижаи корӣ ки нештар накунад

Ба дил бигӯ ки аз ин ғамза бештар накунад

Хаданги ғамзаи корят бо дилам он кард

Ки ҳичўқти тавонгар ба коргар накунад

Ду турраи ту ба шухӣу бозӣ он карда аст

Ба дил ки Тифл ба гунҷишки канда пар накунад

Лаби ту об ҳаётасту кишт тишнагӣ ам

Бигӯ лабати лаби лаби ташнаи ташна тар накунад

Ба бе ҳисобии хуноби дил ба сӯрату чашм

Бибин ки чашми худ аз кӣнаи ин зарар накунад

Ба пои нахли қадати санги ишқ сина задам

Рақиби гӯи сар ҳар кӯчаи навҳа сар накунад

Ман аз дуои саҳар зоҳдо шудам маъюс

Нагуфта беҳтар вақте ки ҳарф асар накунад

Маро дар ин сари перӣ ба ҳоли худ эй кош

Гузорадам дилу зин беш дарба дар накунад

Рақиби даст ба сари гашти гӯши шайтони кар

Худо кунад ки аз ин раҳгузар гузар накунад

Бигӯ ба ориф аз ин беш сурба сар магузор

зи ҷони гузаштаи тафаккур ба тарк сар накунад