Ғами ҳиҷри ту нима ҷонам кард

Кард корӣ ки нотавонам кард

Зери бор фалак нарафтам лек

Бори ишқи ту чун камонам кард

Заъф чун оҳи синаи мазлӯм

Дигар аз ҳар назар ниҳонам кард

Нест боқии ҷузи устихони ғами ишқ

Оқибати соҳиб устихонам кард

Ба тасаввур наёрам ончӣ ки он

Ба тасаввур наёяд онам кард

Дасти парвардаи марои гетӣ

Дасти дастии балоӣ ҷонам кард

Дил чун муми нарми ман ба ту Эй

Сангдили боз меҳрбонам кард

Бас ки бадбӣн буд дил аз чашмам

Ба ду чашмат ки бадгумонам кард

Ёр бад дод имтиҳони сад бор

Бо вуҷӯдӣ ки имтиҳонам кард

Нест ориф ба аз сукут ба ман

Ончӣ май хости дил забонам кард