Дил агар ҷо ба сари турра ҷонон гирад
Ба парешон ватанӣ созад ва сомон гирад
Дил шавад ром дар он зулфи дили ором агар
Гӯии ороми зи каҷи тобӣ чавгон гирад
Барқи осо рӯйу синаи хурушон чун раъд
Абри чашмами сари раҳ бар ту чу борон гирад
Бояд аз ҷониби Ҷумҳурии дилҳо дили ман
Аз сари зулф ту дод дил ёрон гирад
Шуълаи оташи Ҷумҳурии Эрон бояд
Аввал аз домани табриз ба тҳрон гирад
Дӯди ин шуълаи тарафдори қаҷар кӯр кунад
Шарараш то ба сари турбат хоқон гирад
Дудмонӣ ки аз ӯ мамлакатӣ шуд вайрон
Кӯча боқӣаст казин кишвар вайрон гирад
Кишвариро ки шаҳ аз дидан ӯ безор аст
Пӯлаш аз кӣсаи миллат ба чаҳ унвон гирад
То кӣ ин шоҳи парии пару рӯи ҳурии лашкар
Боҷи айёшии худ аз зан деҳқон гирад
То аз ин салтанат хона барафкан номӣ
Ҳаст Эрони натавонади сар ва сомон гирад
Шуд мусулмонии мо олати бозичаи шайх
Кист ин олат аз ин олам нодон гирад