Овардаанд ки ямини аддавлаи султони Маҳмӯди бен Носириддин ба шаҳри ғазнӣн бар болои кӯшкӣ дар чаҳор дарӣ нишаста буд ба боғи ҳазор дарахт .

Рӯй ба Абӯрайҳон кард ва гуфт :

Ман аз ин чаҳор дар аз кадом дар берун хоҳам рафт ? ҳукм куну ихтиёри он бар порае коғд навис ва дар зери ниҳолии ман на .

Ва ин ҳар чаҳор дар роҳ гузар дошт .

Абӯрайҳони устурлоби хост ва иртифоъ бигирифту толеъ дуруст карду соъатӣ андеша намӯд ва бар порае коғд бинвишт ва дар зери ниҳолии ниҳод .

Маҳмӯд гуфт : ҳукм кардӣ ?

Гуфт : кардам .

Маҳмӯд бифармуд токунандау теша ва бел овараданд бар деворӣ ки ҷониб машриқаст дарӣ панҷумин бикунаданд ва аз он дар берун рафт ва гуфт он коғд пора биовараданд .

Бўриҳон бар ваии навишта буд ки аз ин чаҳор дар ҳеҷ берун нашавад бар девори машриқ дарӣ кунанд ва аз он дар берун шавад .

Маҳмӯд чун бихонад тайраи гашт ва гуфт ӯро ба миёни сарой фурӯ андозанд . Чунон карданд магар бо боми миёнгини домии баста буд . Бўриҳон бар он дом омад ва дом бадареду оҳиста ба замин фурӯд омад . Чунон ки бар вай аФгор нашуд .

Маҳмӯд гуфт : ӯро бароред . Бароварданд .

Гуфт : ё бўриҳон аз ин ҳол борӣ надониста будӣ .

Гуфт : эй худованд дониста будам .

Гуфт : далели кӯ ?

Ғуломро овоз доду тақвим аз ғуломи бастаду таҳвили хеш аз миёни тақвим берун кард . Дар аҳкоми он рӯзи навишта буд ки маро аз ҷой баланд биндозанд валикин ба саломат ба замин оем ва тундараст бархезам .

Ин сухан низ мувофиқи рой Маҳмӯд наомад тайратар гашт . Гуфт : ӯро ба қалъа буриду боздорӣад . ӯро ба қалъа ғазнӣн боздоштанд ва шаш моҳ дар он ҳабс бимонад .