Суҳбати толиби талаб эй марди дайн
Ҳар ки толиб нест зу даврӣ гузин
Заҳри қотил май шимури суҳбат ба ом
Ҳаст суҳбатро асарҳои тамом
Чун мусоҳиби гашти мис бо кимиё
Шуд зари холиси зи суҳбат эй киё
Бед чун гардад мусоҳиб бо набот
Ҳам баҳои ӯ шавад дар коинот
Суҳбати доно аҷоиб раҳматаст
Суҳбати нодони дарин раҳ заҳматаст
Ъанд зикри алсолҳин эй роҳи байн
Таназзули алрҳмти шинави марди яқин
Хоссаи файзи суҳбати комил ки ӯ
Нест аз худ гашт ҳаст аз нури ҳў
Толбои эксири аъзам суҳбат аст
Дар ҳақиқати кимиёи ин давлат аст
Суҳбати комили туро комил кунад
Хизмати мардони туро восил кунад
Суҳбати аҳли дилони багазин дило
Ҷони фидои роҳ эшон кун ?ҳулло
Дар дили соҳиби дилон ҷое бигир
Раҳравонро нест аз раҳбари гурез
То нагардӣ хоки роҳи комилон
Кӣ шӯй бо баҳра аз асрорашон
Аз равони поки эшон ҷӯи дуо
То амони ёбии з ҳар макру дағо
Суҳбати некон талаб кун дар ҷаҳон
Бо бидон манишин ки гардӣ бад бидон
Ҳар ки кард ӯ суҳбати неки ихтиёр
Дар миён халқ гардад номдор
Мардро бишнос аз ҳам суҳбаташ
Аз мусоҳиби дони ту ҳифзи рифъаташ
Суҳбати некон талаб кун мард бош
Дар раҳи мардон чу мардон фард бош
Ни гусал эй дил аз ҳузури аҳли дил
Вар на гардии пеши ҳақи хору хаҷал
Ҳар ки давр аз суҳбат аҳл диласт
Аз худо давраст ва ин бас мушкиласт
Толибонро ҳимматӣ бояд баланд
Дун ҳиммат нест пеши ҳақи писанд
Гар ҳамеи хоҳӣ ки аҳли дили шӯй
Дар тариқи комилони комили шӯй
Ҳар ки дар олам камолӣ ёфтаст
Аз ҳузури аҳл ҳоле ёфтаст
Гар ҳамеи хоҳӣ ки ёбии қурби раб
Суҳбати аҳли дилон аз ҷони талаб
Суҳбати комил ба аз ҳар тоъатаст
Тоъати шоиста тарк одатаст
Ҳар ки хизмат кард ӯ махдум шуд
Ҳар ки аҷаб оварад ӯ маҳрӯм шуд
Суҳбати аҳл дилон дарёб зуд
Умрро фурсат шимур башитоб зуд
Ноқис аз комили шинос эй марди роҳ
То науфтӣ сарнигӯн дар қаъри чоҳ
Бе ъаноёти худо ин дид кӯ
Ҷуз ба лутф ӯ марои умеди кӯ
Гар ҳидояти вари залолат май диҳӣ
Ҳам мзл ва ҳам ту ҳодии раҳе